Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» рейтинги ҳамасолаи озодии матбуотро нашр кард.
Дар Press Freedom Index 2018 мавқеи Тоҷикистон иваз нашуда, чун соли пешин миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад. Вазъи озодии матбуот дар кишварро «Хабарнигорони бидуни марз» «мушкил» арзёбӣ кардаанд.
Тоҷикистон муддати ду сол аст, ки баъди Русия дар ин мақом қарор дорад. Русия дар зинаи 148-уми рейтинг ҷойгир аст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазъи озодии матбуот аз ҳама беҳтар дар Қирғизистон арзёбӣ шудааст, ки дар зинаи 98-ум ҷойгир аст, ҳарчанд соли гузашта ин кишвар дар мақоми 89 қарор дошт. Ӯзбекистон зинаи 165-ум, Қазоқистон - 158 ва Туркманистон - мақоми 178-умро касб кардаанд.
Сегонаи пешсафи рейтинг кишварҳои Аврупо Шимолӣ - Норвегия, Шветсия ва Голландия буда, Олмон зинаи 15-ум, Канда - 18, Фаронса - 40 ва ИМА - мақоми 45-умро ишғол кардаанд. Чин дар мақоми 176-ум қарор дошта, дар зинаи охири 180-ум Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҷойгир аст.
Рейтинги мазкур бар асоси таҳлили ҷавобҳои журналистон ва ҷомеашиносон аз кишварҳои гуногун ба саволҳои анкетаи махсуси аз ҷониби созмон таҳияшуда тартиб дода мешавад. Саволҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба кори журналистон - қонунгузорӣ, худсензура, мустақилияти расона, гуногунандешӣ, омодагии ниҳодҳо ва идорахои гуногун ба кор бо рӯзноманигорон ва ғайраро фаро мегирад.
Ғайр аз ин, як қатор нишондиҳандаҳои иловагии дигар, аз ҷумла шумори куштори журналистон, рӯзноманигрони маҳкумшуда, ҳамчунин шумори ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани блогернависон ва ёварони журналистон низ ба инобат гирифта мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста