АНОНС
- Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври финалии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахабҳои футболи наврасони то 16-сола доир мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон низ аз ҳарифони худ дар гурӯҳ огаҳӣ пайдо мекунад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 8.8932 сомонӣ;
1 евро – 10.8381 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1431 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1966 – Дар Тошканд заминларза рух дода, маркази шаҳр хароб гардид.
1986 – Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки яке аз фалокати мудҳиштарини ҳастаӣ дар олам маҳсуб меёбад.
2005 — Дар Душанбе бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ консерт доир гардид.
1935 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, профессор Маннон Рӯзиев.
1952 – Мавлуди шоир Қувват Давлат.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +16+21.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +22+24.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста