АНОНС

- Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

- Дар меҳмонхонаи «Серена» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии оила аз ҷониби мақомоти марбутаи СММ оид ба занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мизи гирд барпо мешавад;

- Рӯзҳои 11-12 май дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷриба, мушкилот ва дурнамои беҳбуди корҳои сохтмон бар асоси таҷрибаи беҳтарини ватанӣ ва хориҷӣ» Конфронси байнулмитлалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.9509 сомонӣ;

1 евро – 10.6328 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1441 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси ноҳияи Ӯротеппа (феълан Истаравшан).

1931 — Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Холиқ Мирзозода.

1951 – Мавлуди адабиётшинос Азим Аминов.

1953 – Зодрӯзи актёри театр Холмурод Сиддиқов.

1955 – Мавлуди профессор Абӯмуталиб Бобоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ охири рӯз борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.