Сокини 22-солаи шаҳри Бохтар Заррина Неъматова чоргоник - 3 духтару 1 писар ба дунё овард. Модар ва тифлонаш худро хуб ҳис мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматгузории тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, чоргоникҳо дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омада, вазнашон аз 1500 то 1700 граммро ташкил медиҳад.
«Ин таваллуди нахусти Заррина Неъматова буда, барояш ва тифлони навзод бе ҳеҷ гуна мушкилӣ анҷом ёфт», - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи табибон, Заррина ва ҳамсараш Фаррух Субҳонқулов алҳол каме ҳайратзадаву дар шигифт бошанд ҳам, лекин хеле хушбахту хурсанданд. Онҳо донишҷӯёни Донишщгоҳи тиббӣ буда, соли гузашта издивоҷ кардаанд. Манзили худро надоранд, бо волидони Фаррух иқомат дошта, дар Душанбе хона иҷора гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2017 сокини Душанбе Гулшан Маҷнунова низ чоргоник тавалллуд карда, ба оилаи онҳо хонаи сеҳуҷрагии муҷаҳҳаз бо тамоми асбобу лавозимоти рӯзгор туҳфа шуда буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста