Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва пагоҳ, 7 июн ба беш аз 40 дараҷа гармӣ мерасад.
Обуҳавои гарм бештар минтақаи ҷануб - вилояти Хатлонро фаро гирифта, дар водиҳои ин минтақа 41 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ дар Бохтар - маркази маъмурии Хатлон обуҳавои то 42 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва ҳарорати 36-38 дараҷа ва рӯзи дигар, 7 июн обуҳавои то 40 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳарорат начандон баланд - то 32-37 дараҷа гарм ва дар кӯҳҳо бошад, салқинтар - то 20-25 дараҷа гарм мешавад. Лекин рӯзи дигар ин ҷо ҳам ҳаво зиёд гарм хоҳад шуд.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 28-33 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят - то 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои то 38 дараҷа гарм пешбинӣ шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат 10 дараҷа поинтар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста