Васоити ахбори умум дар ҳаёти ҳар як ҷомеа нақши муҳим дорад. Тоҷикистон ҳам истисно нест. Интернету телевизион ва матбуоти чопиву радио сарчашмаи асосии маълумоту хабар дар кишвар мебошанд.

Тоҷикистон бо шумори нашрияҳои гуногуни чопиаш касро ҷалб мекунад. Дар ҷумҳурӣ 371 газета чоп мешавад, ки аз ин миқдор 109-тоаш давлатӣ буда, боқимонда нашрияҳои самтҳои гуногун (ғайридавлатӣ) мебошанд.

Бо вуҷуди ин, муносибати сокинони Тоҷикистон ба нашрияҳои чопӣ начандон мусбат аст, чуноне ки ба телевизиону нашрияҳои Интернет.

Бино ба маълумоти таҳқиқот, аз нисф зиёди аҳолӣ газета намехонанд. Танҳо 40%-и сокинон газета ва маҷаллаҳои маҳаллиро мутолиа менамоянд.

Аудиторияи расонаҳо дар Тоҷикистон ба шакли пешниҳод ва мундариҷаи маводи ВАО бештар нозуктабъ ва серталаб мешавад, ки бешубҳа боз як омилест барои ВАО баҳри таҳкими мавқеи худ дар бозор.

Дар ҳамин ҳол, ТҶ «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон» дар бораи қатъи фаъолияти ВАО-и чопӣ ва электронии Тоҷикистон тайи 10 соли охир инфографика таҳия намудааст.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.