Соли 2024 дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” 366 ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи мухаддир ошкор гардида, дар натиҷаи он 1 тоннаю 208 кг маводи нашъадор мусодира шудааст. Дар ин бора Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар ин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1 миллиону 218 ҳазор бех растании нашъаовари худрӯй сӯзонида, нобуд карда шудаанд.
Ин мусодира, ошкор кардани ҷиноят ва нобудсозии растаниҳои нашъаовари худрӯй дар доираи амалиёти “Кӯкнор-2024” аз ҷониби ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода шудааст.
Вале маълум нест, ки дар доираи ин амалиёт чанд нафар барои муомилоти маводи мухаддир боздошту ҷазо дода шуданд.
Бино ба маълумоти Агентии зиддинашъа, дар зарфи 6 моҳи соли 2024 дар тамоми ҷумҳурӣ ва аз сӯи ҳама сохторҳои қудратӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Қисми зиёди ин мавод - беш аз 1,38 тонна ба вилояти Хатлон рост меояд. Мақомот мегӯянд, маводи мухаддир ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон тавассути гурӯҳҳои нашъаҷаллоб интиқол дода мешавад.
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста