Дар шаҳри Душанбе ду намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ боз шуд, ки дар он маҳсули кори ҳунармандону косибон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Сокинону меҳмонони пойтахт муддати як моҳ аз ин намоишгоҳҳо боздид карда метавонанд: кори намоишгоҳҳо, ки дар Галереяи санъати муосири Тоҷикистон (ошёнаи 3-юми МС «Душанбе Мол») ва толори намоишгоҳи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор мешаванд, то 2 август идома меёбад.
Дар ин намоишгоҳ маҳсули кори ҳунармнадону косибони саросари кишвар пешниҳод шудааст: маснӯоти кулолгарӣ, кордҳои гуногуни дастӣ сохташуда, зарф, сарулибоси миллӣ ва пойафзол, сарпӯшҳо, маснӯот аз нуқраи кори дастӣ ва ғайра.
Намоишгоҳҳо ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳри дастгирии ҳунармандону косибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста