Аз тарафи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози ТИКА шуъбаи инфексионии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмир бароварда шуд ва бо таҳхизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ошёнаи сеюми беморхонаи шаҳри Турсунзода, ки 300.000 аҳолӣ дорад аз таъмир бароварда шуд ва бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд ва ба сифати шуъбаи инфексионии кӯдакона мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамасола наздики 3 000 беморонро қабул менамояд.
Дар натиҷаи лоиҳаи амалигардонидашудаи ТИКА ошёнаи сеюми беморхона, ки бо сабаби муҳайё набудани шароитҳои лозима истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, потенсиали беморхона афзуд ва шуъбаи инфексионии кӯдакона бо 33 ҷойи хоб ташкил карда шуд.
Дар шуъбаи мазкур ба ғайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини шадид, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо мавҷуданд. Ҳангоми таъмир масолеҳи сифати баланд истифода шуда, қисми зиёди таҷҳизот аз Туркия оварда шудааст
Маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур 10 июли соли 2018 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода Хоҷа, сафири Туркия дар Точикистон Алӣ Рифат Коксал ва ноиби президенти ТИКА Мехмет Суреййа Эр ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста