Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) дар Руминия толибилмони тоҷик ба дарёфти 5 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Ба медалҳо Шоҳрух Маҳмадҷон, Меҳрон Бобохонов, Абӯбакр Усмонов, Наимҷон Хонҷонов – толибилмони Литсей-интернати Тоҷикистону Русия ба номи «Ҳотам ва П.В.» ва Муҳаммад Кличев, хонандаи Литсей барои кӯдакони лаёқатманд (собиқ Литсейи Тоҷикистону Туркия ба номи Хоҷа Камол) соҳиб шуданд.

Хонандаи Литсейи «Ҳотам ва П.В.) Суннатулло Раҳматов бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Ба ӯ барои гирифтани медали шашуми биринҷӣ барои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 имтиёз камӣ кард.
Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика (IMO) шурӯъ аз соли 1959 гузаронида шуда, дар олимпиадаи имсола 594 нафар толибилмони синни аз 14 то 19-сола аз 107 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.
Бо касби 103 имтиёз Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ зинаи 43-умро ишғол намуда, аз кишварҳое чун Дания, Финландия, Белгия, Малайзия, Португалия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Беларус, Испания, Норвегия, Австрия, Арабистони Саудӣ, Исландия, Озарбойҷон, Швейтсария, Кипр, Уругвай, Колумбия, Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо пешсаф аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста