Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои пластикӣ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфта, аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон даст кашидан аз истифодаи бастаҳо (пакетҳо)-и пластикиро пешниҳод кардааст.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 17 июл сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи замин ва муносбат бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳукумат дар ин хусус пешниҳод ирсол гардида, дар мавриди марҳила ба марҳила даст кашидан аз истифодаи маснӯоти якдафъаинаи пластикӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.
«Имрӯз масъалаи партовҳои пластикӣ ба мушкили доғи рӯз табдил ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ боз мешаванд, ки ин хуб аст. Лекин мо ба ҳукумат алтернатива - истифодаи бастаҳо аз коғаз ва матоъро пешниҳод кардем», - қайд кард Мардонов.
Намояндаи Кумитаи ҳамчунин зикр кард, ки барои бастаҳо аз коғаз ва латта шароити махсус фароҳам овардан зарур набуда, онро занон метавонанд дар коргоҳҳои хурди хонагӣ истеҳсол кунанд ва ба ҳамин васила ҷойҳои нави корӣ низ муҳайё мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисон, пакет (бастаҳо)-и пластикӣ муддати 50-500 сол таҷзия (вайрон) шуда ба табиат зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Пластика маҳсулоти коркарди нафт буда, ҳангоми таҷзия ё сӯзонида шудан маводи хатарнок ҷудо мекунад.
Қобили зикр аст, ки қисман ё манъи пурраи истифодаи маснӯоти пластикӣ, ки барои муҳити зист хатарнок аст, дар бисёре аз кишварҳо (Бангладеш, Кения, Молдавия, тадбирҳо дар Ӯзбекистон дар ин самт) ё шаҳрҳои алоҳида амал мекунад. Чанде аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон (Ikea-и Шветсия, "Айсленд"-и Британияи Кабир, McDonald’s) низ оянда ният доранд, ки аз истифодаи маснӯоти пластикӣ даст кашанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста