Аз 1050 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит 250 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар ду факултаи донишкада (филологияи шарқ ва илми фиқҳ) аз 162 нафар омӯзгорон 36 нафарашонро занон ташкил медиҳанд», - хабар доданд аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, дар Донишкада тарзу усули ба бар кардани либоси миллӣ барои донишҷӯдухтарон амал мекунад, ки ба талаботи ҳуқуқи исломӣ ва сарулибоси миллӣ ҷавобгӯ аст.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мутахассисони забони арабӣ ва англисӣ, таърих, дин ва фиқҳ, омӯзиши Қуръон, осори хаттӣ ва информатика тайёр карда мешаванд.
Дипломи Донишкада ба хатмкунандагони он барои кор ҳам дар сохтори давлатӣ ва ҳам дар муассисаҳои динӣ ҳуқуқ медиҳад.
Донишкадаи исломӣ бо ҳамаи мактабҳои олии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, дар ҳамин ҳол, бо муассисаҳои ба худ монанди кишварҳои хориҷӣ робита надорад.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимиест, ки дар он метавон маълумоти динӣ гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста