Таронаи «Тоҷикам»-ро бори нахуст ҳунарманди тоҷикзабон аз ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон Хайрулло Насриддинов иҷро кард. Он замон дар Тоҷикистон даргириҳо дар авҷ буду ба тоҷикон бо назари шубҳа менигаристанд.

Ҳунарманд мегӯяд, даргириҳои он замон нуфузи тоҷиконро паст карда, шахсоне ёфт мешуданд, ки мегуфтанд, «шумо чӣ миллатед, ки якдигарро мекушед». Аз ин рӯ, хоҳише буд, ки бори дигар дарвоқеъ кӣ будани тоҷикон хотиррасон шавад.

- Дар ин кор ба ман ҳамдиёрам аз Бойсун – омӯзгор Исматулло Кенҷаев кумак кард, ӯ шеъро навишта, ман ба он оҳанг баставу  сароидам.

Нахустин шунавандагони ин тарона тоҷикони Бойсун буданд, ки аз соли 1993 дигар Хайруллоро ба ҳамаи чорабиниҳо даъват намуда, дархост мекарданд, ки ин таронаро гаштаву баргашта сарояд.

Охири соли 2006 Хайрулло Насриддинов ба аёдати наздиконаш ба Душанбе омада, бо кумаки ҳамдиёраш, профессори Донишгоҳи миллӣ Равшан Раҳмонӣ ва раиси Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тарона дар телевизиону радио сабт шуд.

Ин тарона Хайруллоро байни тоҷикон хеле маъруф сохта, дигар ин сурудро одамони оддӣ, ҳунармандони маҳаллӣ месуруданд ва бисёр вақт дар шабакаи телевизиону радио садо медод.

Баъди як сол Хайруллоро ба зиёфати ҳукумат бахшида ба ҷашни Наврӯз ба чойхонаи «Роҳат» даъват карданд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт.

Бо дархости Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманд ду маротиба пайдарпай ин сурудро иҷро кард. Маротибаи дуюм Эмомалӣ Раҳмон низ ба толор баромада, ба Хайрулло дар иҷрои суруд ҳамовозӣ кард. То ҳол мардуми тоҷик бо ифтихор ин сурудро месароянд.

Маълумотнома

Хайрулло Насриддинов зодаи ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон буда, аввали солҳои 70-ум Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм намудаааст. Муддати начандон зиёд дар театри ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кард. Сипас бо исрори падараш ба Бойсун баргашта, то ҳол дар театрҳои маҳаллӣ фаъолият дорад.

Падараш Насриддин Нуъмонов солҳои 20-ум яке аз аввалин муассисони мактабҳои нав дар Бойсун ва бародари марҳумаш – Иноят Насриддин нависанда ва журналисти маъруфи тоҷик мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.