Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор намуд, ки ба Ҳамза Тиллозода, набераи раиси фаъолияташ манъшудаи Ҳиби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд, зеро ӯ гирифтори бемории саратони дараҷаи чорум аст.

«Дар ин марҳилаи бемории саратон аломатҳои зуҳури беморӣ сабук карда мешаванд. Нисбати Ҳамза ягон методи муолиҷаи пурра вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, зарур нест, ки ӯ ба хориҷа фиристода шавад.  Дар ин ҳолат ҳамаи он чизе, ки анҷом додан лозим аст, дар Тоҷикистон ҳам имкон дорад Мефаҳмам, ки волидон ин ҳақиқатро қабул карданӣ нестанд», - хабар дод Саида Умарзода.

Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода, Ҳамзаро дар ин марказ ҷарроҳӣ намуда, ба ӯ терапия таъин шуд, лекин наздиконаш онро рад намуданд.

«Баъди вазнин шудани вазъи кӯдак, онҳо ба мо муроҷиат карданд, ман онҳоро шахсан қабул ва муолиҷаи бепулро дар марказ пешниҳод кардам. Онҳо бори дигар инро рад намуда, изҳор доштанд, ки ӯро ба Туркия мебаранд», - гуфт Зафар Ҳусейнзода.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.

Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.