Барои кирои корманди милитсия ҷиҳати таъмини амнияти сайёҳон ширкатҳои сайёҳӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дар як рӯз 250 сомонӣ (25 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Ғайр аз ин, ширкатҳо корманди милитсияро бояд боз бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин намоянд.
Дар шуъбаи милитсияи сайёҳии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо танҳо дар қаламрави пойтахт хизматрасонии бепул анҷом медиҳанд ва барои таъмини амнияти сайёҳон берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе маблағ пардохтан зарур аст.
“Ширкатҳои сайёҳӣ, ки аз хизматгузории милитсияи сайёҳӣ истифода мебаранд, бояд ба корманди милитсия дар як рӯз 250 сомонӣ маблағ пардохт карда, ӯро бо хӯроки севақта ва ҷойи хоб дар тамоми рӯзҳои ҳамроҳи сайёҳон буданаш таъмин намоянд”, - гуфт манбаъ.
Менеҷери ширкати сайёҳии «Follow Tajikistan» Икром Ҳотамов ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ширкати онҳо бо шуъбаи сайёҳии милитсия аллакай ҳамкорӣ дошт, лекин то имрӯз хизматрасонии онҳо ройгон буд.
“Аз замони таъсисёбӣ онҳо худашон ба мо муроҷиат намуда, хизматгузории бепул пешниҳод карданд. Ду маротиба корманди милитсия дар саёҳат моро ҳамроҳӣ кард. Онҳо ба мо дар ҳалли баъзе масъалаҳои тадорукотӣ кумак карданд. Аз ҳамкорӣ бо подполковник Дилафрӯз Каримова аз шуъбаи сайёҳии милитсия хушнудем. Рӯзҳои охир бо сайёҳон сарукор надоштем, аз ин рӯ аз тағйирот начандон огаҳӣ дорем. Лекин ҳатто дар сурати пулакӣ шудани хизматрасонӣ ҳам, ба ақидаи ман, онҳо заруранд, зеро ин ба масъалаи амнияти мизоҷони мо дахл дорад”, - мегӯяд Ҳотамов.
Директори иҷроияи ТҶ “Маркази рушди сайёҳӣ” Баҳриддин Исомуддинов қайд кард, ки онҳо бо шарикон ва ширкатҳои сайёҳӣ ин масъаларо ҳоло баррасӣ накардаанд, “вале фаҳмост, ки бепул кор кардан ғайриимкон аст”.
“Хароҷот дар ҳама ҷо зарур мешавад, вале мушкил дар он аст, ки ин сарбории иловагӣ ба сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ мебошад. Арзиши роҳхатҳои сайёҳӣ бе ин ҳам баланд аст, ин ҷо боз хароҷоти иловагӣ. Роҳхатҳо боз қиматтар мешаванд ва ин метавонад ба даст кашидани сайёҳон аз интихоби кишвари мо барои сафар боис гардад”, - зикр кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки чанд моҳ пеш бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.
Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста