Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасмим гирифтааст аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди зодгоҳи худ - ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмир намоянд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аввали ҳафта Қоҳир Расулзода шахсан дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар чанде аз кӯчаҳои ин ҷамоат иштирок кард.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби воситаҳои шахсии сарвазир яке аз кӯчаҳои ҷамоати Хистеварз ба таври замонавӣ чароғон мегардад.
Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 вазифаи раиси вилояти Суғдро ба уҳда дошт.
Санаи 23 ноябри соли 2015 Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб Оқил Оқиловро иваз намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста