Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар назди бинои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иштирок мекунад.
Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингард ба самти дарвозаҳои ғарбии Душанбе баҳори соли равон, тасмим гирифта шуд, ки муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Дар ҷойи муҷассама гузаргоҳи зеризаминӣ сохта мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, пас аз анҷоми маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дарси сулҳ мегузаронад, ки ба он намояндагони ҳамаи мактабҳои олии пойтахт даъват шудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли хониши 2018-2019 ҳудуди 240 ҳазор нафар кӯдакони ҷумҳурӣ бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд. Соли гузашта ин рақам 235 ҳазор нафарро ташкил медод.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3870 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 1 млн. 906 ҳазор нафар дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста