Дар меҳмонхонаи Hayatt Regency маросими тантанавии натиҷагирӣ аз озмуни умумиҷумҳуриявии “Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи Фараҳ-2018” баргузор шуд.
Ин озмун аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) бо дастгирии USAID ва ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар 6 номинатсия инҳо ғолиб дониста шуданд:
- Лутфия Мамадкаримова – роҳбари коргоҳи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ (Хоруғ, номинатсияи “бахши истеҳолот”);
- Зулайхо Тиллоева – роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зулайхо-2015» (ноҳияи Ёвон, соҳаи кишоварзӣ);
- Раъно Маҳмудова – мудири коргоҳи дӯзандагӣ (Исфара, бахши хизматрасонӣ);
- Каромат Ашӯрматова – роҳбари коргоҳи косибӣ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳаи ҳунарҳои мардумӣ);
- Умеда Гадойбоева - роҳбари маркази таълимии “Аркон” (шаҳри Хуҷанд, бахши хизматрасонии тиббӣ ва маърифатӣ);
- Мавҷуда Ҷумъаева – роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс (стартап).
Ба мукофоти асосии озмун – шоҳҷоиза ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ роҳбари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” Зулайхо Тиллоева сазовор дониста шуд.
Ҳамаи 34 нафар иштирокчиёни озмун аз ҷониби шарикони озмун - ширкатҳои Tcell, БАТР, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, фонди қарзии хурди «Имон Интернешнл», ТҚҲ «Арванд», ТҚХ «Ҳумо», ширкатҳои «Озар» ва «Қолинҳои Қайроққум», бонки «Эсхата» ва дигарон бо туҳфаҳои арзишманд (яхдон, телевизор қолин, телефонҳои мобилӣ, оташдонҳои барқӣ ва ғайра) сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки озмуни “Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи Фараҳ-2018” дар Тоҷикистон аз соли 2012 (1 маротиба дар 2 сол) гузаронида мешавад ва ин чорумин чорабинӣ ба ин муносибат аст. Озмуни имсола моҳи март эълон шуда, ба он 403 дархост ворид шуд. Ба давраи аввал 94 нафар иштирокчиён ва ба давраи ниманиҳоӣ 34 нафар занон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.
Шарикони Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар баргузории озмун: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, USAID, ТҚХ «Имон Интернешнл», БОР, IT-ширкати «Дурандеш», газетаи «Боҷу хироҷ», «Қолинҳои Қайроққум», радиои «Шаҳри ман», радиои «Пайванд». Шарики генералии тадорукотии озмун - ширкати Тcell ва шарики генералии иттилоотӣ – гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста