Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон шинос шуд.
Раиси вилоят аз сураъати начандон хуби корҳои сохтмонӣ норозигӣ изҳор намуда, дастур дод, ки ситод таъсис дода шуда, корҳои сохтмон тезонида ва шумори сохтмончиён зиёд карда шавад.

Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон 2 гектарро фаро гирифта, дар марказаш бо баландии 50 метр пояи Парчами давлатӣ гузошта мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Бӯстон.
Бино ба иттилои манбаъ, бари парчам- 7 ва дарозиаш – 14 метрро ташкил хоҳад дод. Қаламрави майдонро се фаввора, гулгашту роҳравҳо ва замини сарсабзу гулпӯш ва буттаву ниҳолҳои ороишӣ зебу оро хоҳанд дод.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 150 иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва маишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Айни замон корҳои таъмири асосӣ ва навсозии боғи марказии шаҳрии фарҳангу истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ ҷараён дорад. Қаламрави боғ 7 гектарро ташкил дода, дар он фаввораву гулгаштҳо сохта мешаванд. Дар боғ аттраксионҳои муосир насб мешавад. Ҳамчунин дар боғ муҷассамаи нави Садриддин Айнӣ гузошта мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста