Сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пеш аз муҳлат – моҳи феврали соли 2019 ба итмом мерасад. Қаблан ба истифода додани иншоот охири тобистони соли оянда дар назар буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи лоиҳа, баландии манора бояд аз 36 то 41 метрро ташкил медод, лекин бар асоси тасҳеҳоти воридшуда ба лоиҳа, баландии иншоот ба 42 метр расонида мешавад. То имрӯз корҳои сохтмон дар баландии то 32 метри манора ба анҷом расидааст.
Қаблан зикр гардида буд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳукумати Фаронса 3 млн. доллар грант ҷудо кард. Аммо тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, барои сохтмони иншоот Фаронса ҳамагӣ 6 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.
Маросими гузоштани санги асос барои сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе санаи 14 марти соли 2018 доир гардида буд.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ бо назардошти пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон таҳия шудааст.
Ба сохтмони ин иншооти муҳими стратегӣ барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки сарпарасташ ҳукумати Фаронса аст, ширкати фаронсавии «Мarc Meunier» машғул аст».
Дар Вазорати нақлиёт мутмаинанд, ки лоиҳаи иншоот ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ ва ба заминларзаи то 9 балл тобовар буда, сохтмони манораи нав ба беҳбуди сатҳи таъмини амнияти парвозҳо мусоидат менамояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста