Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд рӯзи 8 октябр дар Душанбе дар доираи сафари давлатиаш ба хотири гиромидошти фарзандони барҷастаи мардуми ҳинд, ба пояи муҷассамаҳои Маҳатма Гандӣ ва Робиндранат Такур гулчанбар гузошт.
Бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, дар маросими гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зикр мегардад, ки парда аз рӯи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ соли 2003 дар доираи сафари собиқ Сарвазири Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуда буд.
Гуфта мешавад, соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар маросими пардабардорӣ ва ифтитоҳи нимпайкараи шоир ва нависандаи бузурги ҳинд Робиндранат Такур дар шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмию фарҳангӣ ва тиббии Ҳиндустон амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии ду давлат равона шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста