Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ҳамроҳии ҷонишини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони расмии соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар маросими ифтитоҳи маъракаи густурдаи тақдими китоб, ки як қисми барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналилалӣ (USAID) ба саводомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ мебошад, иштирок кард.
Ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 140,000 китобро барои хонандагони синфҳои 1 то 4, ба бештар аз 1000 муассисаи таълимии давлатии таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар сартосари Тоҷикистон тақдим хоҳад кард.
Ин марҳилаи дуюми тақдими китобҳо аз ҷониби USAID дар соли 2018 мебошад. Ба наздикӣ бештар аз 7200 китоб ба кӯдаконе, ки дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кишвар дар озмуни “Хонандаи беҳтарин” иштирок намуданд, тақдим гардид.
Дар давоми моҳи ҷорӣ, ба муассисаҳои таълимии зерҳадаф бастаи иборат аз 40 номгӯйи китобҳои ба синну сол мувофиқ ба забонҳои тоҷикию русӣ супорида мешавад, ки ин ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва китобдорони омӯзонидашуда барои тақвияти малакаҳои хониш хонандагон дар мактаб ва чорабиниҳои беруназсинфӣ, инчунин барои ҳавасманд гардонидани падарону модарон ба хониши китоб ҳамроҳи фарзандонашон кӯмак хоҳад кард.
USAID дастгирии худро дар таҳия ва эҷоди маводҳои нави хониш барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, барои зиёд намудани дастрасии омӯзгорон, хонандагон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба китобҳои ба синну сол мувофиқ ва бо мақсади бунёди заминаи мустаҳкам барои омӯзиши ояндаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, инчунин густариши фарҳанги китобхонӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.
USAID ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни интихоб, таҳия ва дастрасии китобҳо бо ҳам ҳамкории наздик доранд. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби вазорат тасдиқ карда шудаанд. Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки мардуми Амрико тавассути USAID амалӣ намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста