Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2018-2019 дар пойтахт ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд.
Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли 2019 дар Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 6 млн. бех нишли дарахтону бутта ва гулҳо шинонида мешаванд.
Танҳо дар боғҳои фарҳангу фароғат ва истироҳаи шаҳри Душанбе зиёда аз 1,5 млн. бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳои гуногун шинонида мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.
Дар қарор гуфта мешавад, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.
Зикр мегардад, ки ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста