Санаи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститусия ҷашн гирифта мешавад, ки мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат шуморида мешавад.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо шуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздики 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста