Аз 22 то 28 ноябри соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳангши ҷумҳурӣ, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ мекунад.
Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо 24 ноябр дар шаҳри Давҳа бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.
Инчунин баргузории чунин барномаҳои ҳунарӣ рӯзҳои 25 ва 26 ноябр дар Маҷмааи Қатар Молл низ пешбинӣ шудааст.
Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Давлатманд Холов, Хучастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии «Парасту» шомиланд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста