Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29 ноябр дар ҷаласаи солонааш дар Маврикий чакан, як навъи гулдӯзии маъмул дар ҷануби Тоҷикистонро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба вазири фарҳанги Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон 5 сол боз талош дошт, то ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси башарият бипазирад.
Ёдрас мешавад, ки ЮНЕСКО ду сол қабл оши палав ва Ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхатти мӯътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд.
Дар муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.
Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву эзори чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Соли 2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палавро ва бо пешниҳоди 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ин соли нави мардуми Шарқро низ ба Рӯйхатти мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд.
То имрӯз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста