Олими тоҷик барои комёбиҳо дар бахши фаъолияти тарҷумонӣ бо ҷоизаи Шайх Ҳамад қадрдонӣ шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 11 -12 декабр дар пойтахти Давлати Қатар - шаҳри Давҳа дар рафти конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ, ки бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида ва намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, таълифоти олимони тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар конфронси мазкур бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ Фарҳанги арабию тоҷикии Сарходими маркази “Синошиносӣ”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар номинатсияи беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 12 декабри соли 2018 дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид ва намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ тақдим намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста