Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 7 январ аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи соати зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Ҷаббор Расулов, Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Чағатай ва Армуғон боздошта мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, - қайд карданд дар шабакаҳои барқи Душанбе.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.