Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабонарӯзи дуюм аст, ки беист барф меборад. Дар шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои гирду атрофи он баландии қабати барфи борида аллакай қариб ба ним метр расидааст.
Бино ба иттилои расида аз сокинони ин маҳалҳо, боришот нимаи дуюми рӯзи 7 январ оғоз гардида, то ҳол қатъ намегардад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, барфрезӣ дар шаҳри Хоруғ имшаб ҳам идома ёфта, танҳо рӯзи дигар қатъ мегардад.
Дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ барф борида истодааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт рӯзи дуюм аст, ки барфи тар меборад ва роҳҳо ҳам ба самти шимолу ҳам ҷануб пур аз барфтӯдаҳоянд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 10 то 11 январ дар саросари кишвар обуҳавои ноустувор ва боришот, баъзан боришоти шадид дар назар аст.
То 11 январ дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.
Тавсия мешавад, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.
Дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва хатари тармафароиҳо имкон дорад.
Пагоҳ дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона каме борон меборад. Рӯзона обуҳавои бебориш ва фаромадани туман пешгӯи мешавад. Ҳарорат рӯзона то 9-11 дараҷа гарм мешавад.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста