Дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд беш аз 11 тарма фаромадааст. Роҳро аз тарма тоза карда, ба ҷуз автомашинаҳои боркаш, барои ҳаракати дигар навъи нақлиёт роҳ боз аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.
“Аз соати 6:40-и субҳ то ин дам аз километри 152 то 160-ум беш аз 11 тарма фаромад. Роҳро аллакай тоза карданд, лекин тармафароӣ идома дорад. Дар роҳ техникаи истифода дар роҳҳо – булдозеру экскаватор ва се адад мошини боркунанда машғули рафъи оқибатҳои офати табиӣ мебошанд”, - хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.
Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаракати автомашинаҳои боркаш дар роҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан манъ аст.
“Бар асоси фармоиши муштараки ВКД ва Вазорати нақлиёт бо мақсади таъмини ҳаракати дигар навъи воситаҳои нақлиёт, ҳаракати мошинҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва фураҳо муваққатан маҳдуд шуд”, - иброз дошт номбурда.
Дар дафтари матбуоти ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки сарфи назар аз боришоти беисти шадид, кормандони ширкат шабонарӯзӣ фаъолият доранд, то ки роҳ тоза шуда, ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин гардад.
“Ҳаракати автомашинаҳои боркаш муддати 3-4 соат боздошта шуд. Бо коҳиши шиддати барфрезӣ, ҳаракати нақлиёти боркаш барқарор мешавад”, - афзуд Далер Мерганов.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста