Соли гузашта 1 млн 250 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, бо назардошти боздиди 430 ҳазору 922 нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дар соли 2017, соли 2018 шумори боздиди сайёҳони хориҷӣ 2,6 баробар афзуда, ҳамарӯза беш аз 3 ҳазору 400 нафар меҳмонон аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Кумита саҳеҳ зикр намешавад, ки ин шумори сайёҳон ё ҳамаи хориҷиён аст, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
Соли гузашта Кумита иттилоъ дода буд, ки нимаи аввали соли 2018 беш аз 900 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Раиси Кумитаи Нуъмон Абдуғаффорзода он замон изҳор дошта буд, ки то ба миллион нафар расонидани шумори сайёҳон ба Тоҷикистон то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми худ ба парлумон қайд кард.
“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест”, - изҳор намуд дар паёми худ Сарвари давлат.
Тибқи ҳисоботи солонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 145 адад агентиҳои туристӣ амал мекунанд, ки 75-тои онҳо соли 2018 таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин дар саросари кишвар 297 меҳмонхона фаъолият дошта, сохтмони боз 41 меҳмонхона ҷараён дорад.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста