Парлумони Қазоқистон се созишнома бо Тоҷикистон дар бахши муҳоҷират ва ҳузури шаҳрвандони тарафайн дар қаламрави ҳамдигарро ба тасвиб расонд, ки баъди имзо аз сӯи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев мавриди амал қарор мегиранд.
Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, Калмуханбет Қосимов, вазири умури дохилии Қазоқистон имрӯз зимни муаррифии созишномаҳо зикр кард, ки ҷониби Тоҷикистон онҳоро тобистони соли гузашта ба тасвиб расонд.
Ба гуфтаи вазири қазоқ созишномаҳои ҷадид бо Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки раванди муҳоҷират танзим гардад, табодули иттилоъ сурат гирад.
Сомонаи расмии Zakon.kz аз қавли Қосимов иттилоъ дод, ки бар асоси созишномаҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тайи 30 рӯз бидуни қайди иқомат дар қаламрави тарафайн ҳузур дошта бошанд. Инчунин созиш шудааст, ки шаҳрвандони ду кишвар ҳуқуқи будубош то 90 рӯз бо қайди ҳатмӣ баъди убури марзро соҳиб мешаванд.
Тоҷикистону Қазоқистон инчунин барои баргардондани шаҳрвандоне, ки тартиби будубошро нақз мекунанд, созиш кардаанд.
Вазири умури дохилии Қазоқистон дар ҷаласаи парлумони кишвараш гуфт, созишномаҳо бо Тоҷикистон барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат карда, ҳеч пайомади манфии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ надоранд.
Созишномаҳои мазкур баъди имзо аз ҷониби раисиҷумҳури Қазоқистон мавриди амал қарор мегиранд.
Қаблан сенатор Владимир Волков, зимни баррасии созишномаҳо гуфт, тайи 11 моҳи соли 2018, 492 ҳазору 287 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Қазоқистон шуда, 489 ҳазору 865 нафар хориҷ шудаанд.
“Муваққатан дар Қазоқистон 56 ҳазору 396 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 33 ҳазору 273 нафар бо корҳои шахсӣ, 10120 ба ҳайси сайёҳ ва 10072 нафар бо мақсади кор сабт шудаанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан дар шаҳр ва вилояти Алмато ва шаҳри Остона ба қайд гирифта шудаанд ”, - иттилоъ дода буд Волков.
Омори зиёди вуруд ва берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон дар ҳолест, ки бисёри муҳоҷирони тоҷик баъди се моҳи ҳузурашон дар Русия бояд марзро убур намоянд ва барои ин кор аксаран ба Қазоқистон сафар мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки патент доранд, метавонанд тайи як сол бидуни убури марз дар Русия бимонанд, аммо бо гузашти як сол онҳо низ уҳдадоранд берун шаванд.
Бар асоси омори ироашуда дар Сенат, тайи 11 моҳ 3777 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 691 нафар бадарға гардидаанд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста