Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тошканд дар Душанбе, дар ин хусус зимни вохӯрии сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов бо директори Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе Хуршед Саидов изҳори назар шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидор масоили амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар қаламрави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бо саҳми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Зикр мегардад, ки зимни мулоқот Хуршед Саидов доир ба нақшаҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон дар мавриди саҳмгузории бевосита ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷумла сохтмони дармонгоҳу меҳмонхонаҳо, маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ маълумот дод.
“Ҷонибҳо дар бораи ояндаи наздик аз Ӯзбекистон боздид намудани як ҳайати бонуфузи тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳои мушаххас дар ин хусус бо ҳокимияти вилояти Сурхондарё созиш ҳосил намуданд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста