Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019-2020 квотаҳоои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Михаил Вождаев.
Бино ба гуфтаи ӯ, ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Номбурда мегӯяд, аз шумори зиёда аз 20 ҳазор донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки тибқи барномаҳои гуногун дар Русия мехонанд, аксарият аз ҳисоби буҷет таҳсил дошта, квотаҳои Россотрудничество аз ин шумор ҳамагӣ 10%-ро ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр шуд, ки дар Маркази илму фарҳанги Русия (Россотрудничество) дар Тоҷикистон бақайдгирии шаҳрвандони кишвар ҷиҳати иштирок дар озмоишҳои интихобӣ барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия дар соли хониши 2019/2020 оғоз гардид.
“Бақайдгирӣ аз 21 январ шурӯъ ва то 21 феврали соли ҷорӣ идома ёфта, дар ин давра мебояд дар портали www.RUSSIA.STUDY худро ба қайд гузошт. Ҳамчунин нусхаҳои тамоми ҳуҷҷатҳои дар номгӯи талабот зикршуда, ишораи интихоби ҳатмии ихтисос ва донишгоҳ зарур аст”, - қайд кард ӯ.
Озмоишҳои даври интихобӣ аз рӯи дархостҳо санаи 22 феврал дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, рӯзи 24 феврал дар Душанбе ва пас аз як ҳафта дар шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ гузаронида мешаванд.
“Зимни ба суҳбат ҳозир шудан довталабро лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои ҳамаи дастовардҳояшро давоми таҳсил бо худ орад. Ғайр аз ин, довталаб бояд дорои имконоти хуби робита бошад, то ки натанҳо ба саволҳо посух диҳад, балки ба азхудкунии барномаи таҳсил дар мактаби олии Русия низ қодир бошад”, - илова кард Вождаев.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста