Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру дар Давҳа созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи танзими нерӯи кориро имзо намуданд, ки тибқи он, Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатиии тоҷикро қабул намояд.
Аз маркази матбуотии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, ки созишномаи мазкур моҳи феврали соли 2017, дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар омода ва имзо шуда буд.
Тибқи меъёрҳои созишномаи имзошуда, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қатар бо риояи шартномаи меҳнатие, ки тибқи қонунгузории ин давлат таҳия мешавад, метавонанд фаъолият намоянд.
Созишнома пас аз тасвиб эътибор пайдо хоҳад кард.
Интихоб ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ дар ихтиёри вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Интихоб ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси дархости ҷониби Қатар амалӣ карда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста