Давоми соли 2018 дар Тоҷикистон 80 ҳазору 330 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, соли сипаригашта дар кишвар бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
Гуфта мешавад, соли 2017 ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур чунин омадааст:
«Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад».
Зимнан зикр мегардад, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда, дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




