Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоқов, санаи 20 – 24 феврал дар Бишкек баргузор гардид, дастаи Тоҷикистон сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло гардид.
Шоира Зулқайнарова дар вазни 64 кг миёни бонувон, пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг миёни мардҳо, пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов нишони тилло ба даст оварданд.
Идимоҳ Холова дар вазни 69 кг миёни бонувон дар марҳилаи ниҳоӣ аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид.
Сиёвуш Зуҳуров, писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар вазни + 91 кг миёни мардҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 10 варзишгар иштирок намуд.
Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тайланд ва Тоҷикистон барои 13 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста