Дар озмуни дастархонороӣ беҳтарин, ки бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ноҳияҳои Шоҳмансури Душанбе ва Мурғоби ВМКБ мақоми аввалро соҳиб шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон.
Мақомоти иҷроияи ноҳияҳои ғолибгардида ғайр аз диплом, ҳамчунин 10 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд.
Мақоми дуюмро ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳринав ишғол карданд ва соҳиби 5 ҳазор сомонӣ туҳфа шуданд. Мақомои сеюм насиби шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Варзоб ва Рашт гардид, ки онҳо 3 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд.
“Ҳакамони озмун ҳангоми баҳогузорӣ ба зебогии дастархони ороста, хӯрокҳои миллии дар он гузошташуда ва риояи одатҳои миллӣ таваҷҷуҳ карданд”,- гуфта мешавад дар иттилои паҳннамудаи Кумитаи мазкур.
Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта Президент Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ фармон содир намуд. Ҳадафи баргузории озмуни мазкур тарғиби арзишҳои миллии тоҷикон, хӯрокҳои тоҷикӣ гуфта мешавад.
Ташкилкунандагони ин озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста