Ҳаракати нақлиёт тариқи шоҳроҳе, ки пойтахтро бо шимоли кишвар мепайвандад, бо сабаби фаромадани тарма ва бориши шадиди барф, муваққатан қатъ карда шудааст.
Аз маркази матбуотии ширкати IRS, ки нигоҳубини ин роҳро ба зимма гирифтааст, ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки аз сабаби дар чанд қитъаи роҳ фаромадани тарма, бино ба хулосаи вазорати нақлиёт ва ВКД ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ муваққатан манъ гардидааст.
“Аз километри 47-ум, аз ҷониби Хуҷанд ва аз километри 81-ум, аз ҷониби Душанбе роҳ баста аст. Роҳ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт муваққатан баста шудааст”,-иттилоъ доданд аз маркази матбуоти IRS.
Илова намуданд, ки бориши барф идома дорад ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
“Дар ин қитъаҳои роҳ техника фаъолият дорад ва дар наздиктарин фурсат ҳаракат дар ин роҳ барқарор карда мешавад”,- гуфт котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.
Қаблан ҳавосанҷон иттилоъ дода буданд, ки дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ, қисми ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд), минтақаҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе – Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, Хоруғ - Ғунд, Рӯшон - Бартанг) эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ, бо дарозии 410 километр, соли 2010 ба анҷом расид. Барои ин кор наздики 300 миллион доллар сарф гардид, ки онро дар шакли қарз давлати Чин барои 20 сол пешниҳод намуда буд.
Аз моҳи апрели соли 2010 идораи роҳ, тибқи шартномаи ширкати IRS бо Ҳукумати Тоҷикистон, ба зиммаи ин ширкат гузошта шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста