Ҳайъати таҳририяи гуруҳи расонаҳои “Asia - Plus” ҳамаи модарон – бонувони азизи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар табрик менамояд.
Модарон – бонувони меҳрубон! Мо дар симои шумо олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.
Ба ҳамин хотир, аҳли башар ба шумо арҷ мегузоранд, бузургиатонро ситоиш менамоянд ва дар наздатон сари таъзим фуруд меоранд.
Лоиқ Шералӣ барҳақ фармудааст:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар...
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Бори дигар модарон – бонувони азизро бо ин ҷашни мубораку фараҳбахш табрик карда, ба шумо хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.
Рӯзи модар муборак, бонувони гиромӣ!!!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста