Санаи 21 март дар Тоҷикистон иди аз ҳама пуршукӯҳтарини давлатӣ – Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни баҳору баробаршавии шабу рӯз ва бедории табиатро дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон сол то сол бузургмиқёстар мешавад. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба муносибати ин ҷашн сайругаштҳои дастаҷамъона доир мегарданд. Ҳамасола дар яке шаҳр  ё  маркази ноҳия таҷлили ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Имсол чунин чорабинӣ ба шаҳри Норак насиб шуд.

Мо аз бойгонии “Азия-Плюс” якчанд аксҳоро дар бораи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон тайи чандин соли охир интихоб намуда, манзуратон мегардонем.

1/17

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.