Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”, ки дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтхт бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози чорабинӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ва ҳамаи ҳозирини майдонро бо ҷашни Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.

“Тибқи маълумоти таърихӣ гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи “Корвони наврӯзӣ” маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад. Таваҷҷуҳ ба ҳикмату муҳтавои ин суннати наврӯзӣ як ҷанбаи хеле муҳимми он, яъне ойини пурра мардумӣ будани онро бори дигар собит месозад ва дар умум, Наврӯзро ҳамчун ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ ва созандагиву ободгарӣ муаррифӣ менамояд”, - таъкид дошт зимни суханронии табрикотиаш Сарвари давлат.

Бино ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба маънии дигар, дар рӯзи таҷлили ин ҷашн одамони зиёд пиёдаву савора маҳаллаву гузарҳои шаҳрҳоро сайр мекарданд ва ба мардум аз омадани Наврӯз хушхабар мерасониданд.

1/13

Гуфта мешавад, Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.


Бахши аввали “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” аз “Сароғоз” шурӯъ гардид, ки дар ин бахш иштирокчиён бо намоиши конструксияҳои бузурги “Дарвозаи зинда” ва рамзи ”Оташ” вориди майдон шуданд.

Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳи идона рамзи Наврӯзи “Тахти Ҷамшед”буд, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврўз шаҳодат медод.


Дигар расму суннатҳои хоси наврӯзӣ, аз қабили “Паёмоварони баҳор” турнаҳо, парастуҳо, шабпаракҳо – муждарасони омадани баҳор, ки дар барномаи “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ҷой дода шуданд, ҷолибу диданӣ буданд.


“Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он надимони “Баҳор” рақси фариштаро иҷро карда, ба ин чорабинӣ шаҳомати хосса зам намуданд.


Бахши “Маросими гулгардонӣ” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ мебошад, ки дар гузашта кӯдакону наврасон бо иҷрои гулгардонӣ ба ҳамагон аз омадани Наврӯз хабар мерасонданд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак яке аз таомҳое маҳсуб мешавад, ки ба ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани “Маросими суманакпазӣ” ва “Ҳафтхони наврӯзӣ” дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” худ шаҳодати дубора эҳё кардани хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои халқӣ мебошад.


“Маросими ҷуфтбаророн” ва ниҳолшинонӣ, ки анъанаҳои ниёгонро бозгӯ менамояд, дар шакли бадеӣ намоиш дода шуд. Иштирокчиёни бахшҳои “Ашагулон” дар атрофи ороишоти сохтаи таблаки бузург, “Сайри об” дар атрофи рамзи бузурги “Аноҳито”, “Варзиши шодиёна”, “Модар - рамзи абадият” бо намунаи сохтаи бузурги “Модар бо гаҳвора” ва антуражи рақсӣ ба майдон ворид шуданд. Бояд таъкид кард, ки ҳар як бахш тамошобинонро бо таърих ва расму суннатҳои Наврӯз шинос менамояд.


Қисмати муҳими “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил медод. Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо 32 мошини ороишдодашуда ва иштирокчиён ба тан либосҳои гуногуни миллӣ иштирок карданд.


Ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд дар ин бахш  бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сару либосҳои миллӣ ва таомҳои халқӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.


Дар бахши “Шодии наврӯзӣ” 2500 нафар иштирокчӣ маросими тӯйи домоду арӯсии минтақаҳои кишварро бо суруду рақсҳои ҷолиб намоиш доданд, ки ин ҳам ҷузъе аз фарҳанги миллати фарҳандӯсти тоҷикро фаро мегирад.

Таъкид мешавад, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани  “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” арзи сипос намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.