Шумори расмии гирифторон ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 307 нафарро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар гузориши соли 2018-и Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Дар гузориш зикр мегардад, ки сатҳи баланди маргумир ва гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мушкилоти асосии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мебошанд.
“Соли гузашта 4 ҳазору 600 нафар маҳбусон аз санҷиши гирифторӣ ба ин беморӣ гузашта, боз 30 нафар шахсони нави ба он мубталошуда ошкор шуданд, ки 262 нафарашон бо табобат фаро гирифта шудаанд”, - омадааст дар гузориш.
Аз гузориш бармеояд, ки соли 2018 дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 173 ҳодисаи нави сироят ёфтан аз бемории сил ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, сол то сол шароити будубоши маҳбусон ва муносибати кормандони муассиса ба онҳо хубтар мешавад.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои инсон дар муассисаҳои пӯшида ё қисман пушида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон ташкили корҳои шарҳу тавзеҳро дар бораи меъёрҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ, ҳамчунин мунтазам баргузор кардани пайгирӣ (мониторинг)-и фаъолияти чунин муассисаҳоро тавсия медиҳад.
Қобили зикр аст, ки чунин гузориш бори нахуст замони сари мансаб омадани Ваколатдори нав Умед Бобозода, ки аввали моҳи март бо фармони президент ба ин вазифа таъин шуд, ба чоп расид. То ин дам муддати 10 сол ин вазифаро Зариф Ализода бар дӯш дошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста