Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳи коргоҳи коркарди шири қутос ба нақша гирифта шудааст.
Тавре дар дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ дар ин робита қайд карданд, таҷҳизот барои коргоҳ аллакай харидориву ба коргоҳ расонида шуда, оянда наздик васлу насби он оғоз мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, ба истеҳсоли панир аз шири қутос ва дигар маҳсулоти ширӣ дар ин коргоҳ корхонаи “Шири кӯҳистон” машғул хоҳад шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба санаи 1 январи соли 2019 саршумори қутосҳо дар ВМКБ беш аз 20 ҳазор сарро ташкил дода, 19 ҳазор сари он дар ноҳияи Мурғоб нигоҳубин мешавад. Иқлими Мурғоб барои нигаҳдории қутосҳо бештар мусоид мебошад.
Қутос ширу гӯшти парҳезӣ ва пашм дода, нигоҳубини алоҳидаро талаб наменамояд. Бахусус шири он серсафеда ва равған аст, ки аз шири модагов 2 баробар зиёд мебошад. Панир аз шири қутос барои дар ҳолати хубу солим нигоҳ доштани дандонҳо муфид буда, ба мубориза бо як қатор бемориҳо, аз ҷумла саратон кумак мекунад.
Қобили зикр аст, ки ба афзоиши саршумори қутосҳо дар Тоҷикистон Барномаи соли 2009 қабулшудаи рушди қутоспарварӣ мусоидат намуд. То ин давра саршумори қутосҳо қариб се баробар афзуд. Ҳамон сол ҳукумат барои рушди ин соҳаи чорводорӣ наздики 4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 200 тонна панир истеҳсол мешавад, ки асосан аз шири гов аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста