Имрӯз, 4 апрел дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) журналист шинохта, хабарнигори собиқи “Азия - Плюс”, хабарнигори кунунии АМИТ “Ховар” ва сармуҳарири нашрияи русзабони “Новый Хатлон” Мурод Сотиев аз олам гузашт.
Ба қавли наздикони Мурод Сотиев дирӯз саломатии ӯ бад шуда, субҳи имрӯз ӯро ба беморхонаи шаҳри Бохтар бурдаанд. Мурод Сотиев дар беморхона аз олам гузаштааст ва духтурон сабаби марги ӯро сактаи қалб гуфтаанд.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 4 апрел соати 17:00 дар масҷиди шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Мурод Сотиев яке хабарнигорони пуркори кишвар ба шумор мерафт. Номбурда фаъолияти худро аз мактаб ба ҳайси омӯзгори забони русӣ оғоз карда, баъдан дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Вахш кор кадааст. Маҳз аз ин симмат ба журналистика рӯ оварда, то охирин лаҳзаҳои умр дар ин соҳа фаъолият намудааст.
Ҳайъати кормандони гуруҳи расонаҳои “Азия - Плюс” ба аҳли хонавода ва пайвандони Мурод Сотиев ҳамдардии амиқи худро баён карда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста