Як ҳафта пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Масалан, арзиши як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе то 45 сомонӣ барои як кило боло рафт. То ин дам 1 кило гӯшт бо нархи 40 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Ба гуфтаи соҳибкорон, гӯшти мурғ низ қимат шуда, як қуттӣ гӯшти он акнун ба ҷойи 260 сомонӣ 290 сомонӣ нарх дорад.
Нархи як халта орд дар баъзе фурӯшгоҳҳо то 200 сомонӣ бол рафт, ҳарчанд чанде қабл харидани он бо арзиши 170-180 сомонӣ имконпазир буд.
Картошкаи ҳосили нав дар бозорҳо 4 сомонӣ нарх дорад. Дар робита ба номусоидии обуҳаво помидору бодиринг низ каме гарон шуд.
Масалан, бодиринг ҳафтаи гузашта 3-3,5 сомонӣ нарх дошта, имрӯз аллакай бо нархи 4-5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Қобили зикр аст, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ пеш аз моҳи Рамазон ва дар чараёни он ҳамасола боло мераванд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо соли гузашта нархҳо ба карам (соли 2018 - 1,95 сомонӣ барои 1 кило, соли 2019 – 4,40 сомонӣ), пиёз (1,75 – 3,00), сабзӣ (1,90 – 2,50), помидор (15,00 – 18,00), биринҷ (9,2 – 12,7), равғани растанӣ (11,00 – 12,40), гӯшти гов (36,8 – 43-45,00), шакар (6,00 – 6,50), орди навъи 1-ум (2,8 - 3,6) боло рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар майдони умумии 73,97 гектар гармхонаҳои кишвар 930 тонна помидор, наздики 282 тонна бодиринг ва 355 тонна дигар сабзавоту меваҳои буттагӣ парвариш карда шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли 2019 ба Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор тонна гӯшт ва маснӯоти он, наздики 22 ҳазор тонна маҳсулоти ордӣ ва галлладона, ҳудуди 33 ҳазор тонна равғани растанӣ ва чорво ворид шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста