Дар Тоҷикистон аз ҳисоби муттаҳид сохтани ҳафт мақомоти санҷиши ду вазорат ду сохтори нав - Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд.
Ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” маъқул шуморид.
Ҳамин тариқ, Кумитаи бехатарии назди ҳукумат дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии таъсис дода шуд. Ҳамаи ин мақомот қаблан дар назди Вазорати кишоварзӣ амал мекарданд.
Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ таъсис дода шудааст.
Дар шарҳи моҳияти тағйиру иловаҳо ба вакилони парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода қайд кард, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ қаблан дар заминаи ду воҳиди Вазорати нақлиёт Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумат таъсис ёфта буд.
Ӯ таъкид дошт, ки ин тадбирҳо ба сарфакорӣ дар воситаҳои буҷет аз ҳисоби кам кардани шумори басти воҳидҳои корӣ (штат)-и мақомоти санҷишӣ аз 386 то ба 279 воҳид мусоидат намуданд.
Дар натиҷа, зикр кард Ҳамрализода, шумори умумии санҷишҳои ин мақомот аз 78,7 ҳазор адад дар соли 2016 то ба 39,2 ҳазор адад дар соли 2018 кам шудааст.
Раиси Кумита илова намуд, ки бо қабули тағйироту иловаҳои нав ба қонун, шумори умумии мақомоти давлатии санҷишӣ то 25 адад кам мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста