Дар шаҳри Маскав аввали моҳи май Олимпиадаи 5-уми ҳамасолаи байнулмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнии “Абакус-2019” баргузор шуд.
Дар он беш аз 500 нафар намояндагони 10 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин дафъа низ толибилмони Академияи арифметикаи зеҳнии “Империя знаний”-и Тоҷикистон сатҳи баландӣ омодагӣ нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба арифметикаи зеҳнӣ байни мактабҳои узви Ассотсиатсияи авруосиёии ташкилотҳои арифметикаи зеҳнӣ (ЕАОМА) гузаронида шуд.
Дар он зиёда аз 400 нафар толбилмон аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти ду зинаи аввал ва ҳамчунин дигар мақомҳои ҷоизадор сазовор дониста шуданд.

Беҳтаринҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил гардида, кишварро дар Thailand PAMA Global World Competition 2019 намояндагӣ хоҳанд кард.
Дастаи Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳои олимпиада ғолиб омад. Аз 61 зинаи ҷоизавӣ дастаи “Империя знаний” ба 2 ҷоизаи асосӣ - Ҷоми Олимпиада ва 15 медал соҳиб шуд. Зинаи 1-умро 5 нафар, 2-юмро - 4 кас ва 3-юмро - 6 нафар ишғол намуданд.

Дар Олимпиадаи ЕАОМА аз 18 зинаи ҷоизавӣ тоҷикистониён 8-тояшро касб карданд: ҷойи 1-ум - 3 нафар, зинаи 2-юм - 2 кас ва мақоми 3-юм - 3 нафар.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста