Сорбон, бародарзодаи Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷире, ки дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст, дар сӯҳбат бо мо иброз намуд, ки имрӯз ҷасади марҳум ба Душанбе оварда шуда ва дар оромгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дафн карда шуд.
Бино ба гуфтаи ӯ, Гулбегим моҳи феврали ҳамин сол ба Русия барои кор рафта буд ва тӯли ин вақт бо сабаби пайдо накардани ҷойи кори мувофиқ наметавонист ҳар моҳе маблағ барои ду фарзандаш бифиристад.
Сорбон мегӯяд, Гулбегим дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва баъди оиладор шудан ба шаҳри Кӯлоб ба хонаи шавҳар кӯчид. Баъди як муддати зиндагӣ боз дубора ба Душанбе омаданд ва дар яке аз хобгоҳои маҳаллаи 46 иқомат мекарданд. Ӯ гуфт, “вале бахт ба рӯяш нахандид ва ду сол пеш шавҳараш аз дунё гузашт. Ҳоло бошад, худи ӯ низ ду писари дар орзуи модар ва падар бударо танҳо гузошт. Хеле сахту сангин аст, вақте наздикатро аз даст медиҳӣ”.
Ба қавли бародарзодаи ғӯрамарг, Гулбегим асосан барои пардохт намудани қарзи бонкияш муҳоҷиратро интихоб кард, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавонист онро адо намояд. Чун, ба гуфтаи Сорбон, хоҳарзодааш танҳо маълумоти миёнаи мактабро дошту халос ва ҷое низ кору фаъолият намекард.
Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-солаи Гулбегим дар тарбияи модарбузургашон буданд ва то охир хоҳанд монд.
Сабаби ба ҳалокат расидани Гулбегими 29-соларо назиконаш низ то ҳол дақиқ гуфта наметавонанд. Ба гуфтаи бардарзодааш, онҳо “дар даст ҳуҷҷатҳои озмоиши беморхонаро дорем, ки аз сактаи қалб ва камтар хунук гирифтани шушҳояш ҷон додааст. Аз дигар ҳодисаи рухдода чизе хабар надорем”.
Ёдрас мешавем, ки дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар дод, ки Гулбегим рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст.
Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста