Дар толори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Душанбе рӯзи 15 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон” мизи мудаввар доир гардид.
Сироҷзода Саодатбибӣ, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар ҷой доштани ҳолатҳои хушунату зуроварӣ ва билохира вайрон шудани оилаҳои ҷавон аксар маврид волидонро гунаҳгор донист. Ӯ аз даврони Куруши Кабир мисол оварда, гуфт, ки бояд қабл аз никоҳ миёни волидони ҷавонони никоҳшаванда шартнома баста шавад.

- Дар замони Куруши Кабир чунин як анъанае роиҷ буд, ки қабл аз никоҳ миёни волидони никоҳшаванда шартнома баста мешуд. Аз ин лиҳоз дар ҷомеаи мо низ, ки хушунату зуроварӣ ва билохира ҷудошавии оилаҳои ҷавон зиёд ба чашм мерасаду дар аксар маврид волидон сабабгори он мегарданд, бояд ҳамин анъана ба роҳ монда шавад, - иброз дошт ӯ.
Вале ҳуқуқдонҳои тоҷик инро хилофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки чун қоида аҳднома миёни зану шавҳар баста мешавад ва дар он ҷонибҳо метавонанд манфиатҳову шартҳои таъмини кафолати ҳамзистии шоистаи худро на танҳо дар вақти зиндагии ҳамҷоя, балки ҳолатҳои дигари оиладорӣ низ инъикос намоянд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки агарчанде дар урфу одатҳои мардуми мо ҳангоми оиладоршавӣ раъйи волидон ба назар гирифта мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки бояд миёни онҳо шартнома баста шавад.
- Заминаи таъсиси оила муҳаббату ҳусни тафоҳум ва ихтиёрию озод будани ҷавонон аст. Чун сухан дар бораи ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳои ду шаҳрванди комилҳуқуқи қобили амал меравад, ягон зарурат ҷиҳати бастани қарордод миёни волидон нест, - гуфт, Шокирҷон Ҳакимов.
Қонунгузории Тоҷикистон низ чунин шартномаро танҳо миёни нафароне, ки издивоҷ мекунанд, иҷозат додааст. Чунончи, дар моддаи 40-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
“Аҳдномаи ақди никоҳ - созишномаи шахсоне мебошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд”.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста